Пост о запуске проекта на тадж.яз

Пост о запуске проекта на тадж.яз

Ширкати ҳукукии “Химоя” лоиҳаи “Дастгирии ҳуқуқии соҳибкорон пас аз пандемияи Covid-19”-ро давом медихад.

Дар доираи ин лоиҳа “Ҳимоя” ба тариқи зангҳои телефонӣ ва онлайн оид ба фаъолияти соҳибкорӣ маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгон пешниҳод менамояд. Шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеие (стартап), ки оғози фаъолияти соҳибкориро ба нақша гирифтаанд акнун метавонанд аз ҳуқуқшиносони ширкат маслиҳати ройгон гиранд.

Саволҳои худро метавонед бо яке аз ин воситаҳо ирсол намоед.

Почтаи электронӣ: info@himoya.tj;

Саҳифаи ширкат дар Фейсбук: https://m.facebook.com/himoyatj

Ба тариқи Viber, WhatsApp, Telegram бо рақамҳои: (+992) 111118811;

Занг задан ба рақамҳои телефонии: (+992) 111118811;

Ҳар як соҳибкор ва шахси ҳуқуқӣ метавонад ба як саволи гузоштаи худ ҷавоб гирад.

Ҳамзамон ширкати мо дар доираи лоиҳа барои ба қайд гирифтани бизнес (ҶДММ ва СИ) дар шаҳри Душанбе, Ноҳияҳои тобеи марказ ва Вилояти Суғд ройгон кӯмак хоҳад расонд.

Лоиҳаи мазкур бо дастгирии UNDP in Tajikistan “Пешбурди воситаҳои рақамӣ барои барқарорсозӣ ва мутобиқшавӣ» амалӣ мегардад.

ru_RURussian